Имрӯз аз ҷониби маъмурияти Литсей дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили ҷашни 81-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аёдати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ақибгоҳ баргузор карда шуд.
Дар аёдат Ҳабибзода З.И. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Сироҷзода Ҷамолиддин Қиём — вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино аз ҳавзаи интихоботии №16, директори Литсей иштирок намуданд.
Дар ҷараёни аёдат зикр гардид, ки ҳеҷ гоҳ хизмату ҷонбозиҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ фаромуш намешавад ва онҳо пайваста зери таваҷҷӯҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси Миллии Малиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор доранд.
Зимни аёдат аз ҷониби хонандагони Литсей шеъру тарона ва туфаҳои идона, аз қабилӣ кӯмакҳои молиявӣ расонида шуд.
Аксҳо аз аёдат:
Нишон
Парчам
Суруди миллӣ



