НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ПЕШРАФТИ ДАВЛАТ

Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи №2 барои хонандагони болаёқат”-и шаҳри Душанбе бо ҷалби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Сино вохӯрии тарбиявию маърифатӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ доир ба нақши Ваҳдати миллӣ дар пешрафти давлат, таҳкими сулҳу субот, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ суханронӣ карда шуд. Хонандагони фаъол ва гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе дар муҳокимаи масъалаҳои муҳим фаъолона иштирок намуданд.

Ҳамчунин, барои саҳми назаррас дар таҳсил, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва намунаи ибрат будан ба ҳамсолон як қатор хонандагон бо Сипоснома қадрдонӣ гардиданд.

Чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ, ҳисси худшиносӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи дӯстдории Ватан мусоидат менамоянд.

Аксҳо аз рафти чорабини :